16:54 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Саидумар Ҳусайнӣ. Акс аз бойгонӣ

ВАО: Саидумар Ҳусайнӣ тибқи 14 моддаи КҶ муттаҳам мешавад

© Официальный сайт ПИВТ
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
11 0 0

Мақомоти Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломӣ ва раҳбаронаш, бо шумули раиси ҳизбу муовинони орнро дар даст доштан дар ошӯби моҳи сентябр гунаҳкор медонан , ба даст доштан дар ин ошӯб айбдор карданд.

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Прокуратураи генералии Тоҷикистон бар асоси 14 моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла аз ташкили иттиҳоди ҷиноӣ то бисёрзанагӣ алайҳи муовини аввали раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) Саидумар Ҳусайнӣ айб эълон кардааст, иттилоъ медиҳанд расонаҳои маҳаллӣ.

Номбурда аз моҳи сентябр боз дар боздошт қарор дорад ва ду рӯз қабл аз ин мақомоти тафтишотӣ ба вакили мудофеаш аз поёни раванди тафтишот ва эълони айбнома хабар додаанд.

Дар ҳамин ҳол, вакили расмии ӯ Ситора Азизова  аз сӯҳбат бо матбуот дар бораи ҷузъиёти парвандаи муваккилаш худдорӣ мекунад. Пайвандони Ҳусайнӣ низ баъди даъват шуданашон ба як "сӯҳбат" бо мақомот аз ҳар навъ тамос бо хабарнигорон дурӣ меҷӯянд.

Тибқи айбномаи Додситонии кулли Тоҷикистон, Саидумар Ҳусайнӣ дар ташкили иттиҳоди ҷиноӣ; иштирок дар ин иттиҳод; барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ ва маҳалгароӣ; даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон; тахрибкорӣ; тасарруфи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш муттаҳам мешавад.

Ҳамзамон, оқои Ҳусайниро ба одамкушӣ, терроризм, ҷалби одамон барои истисмор ва бисёрзанагӣ айбдор мекунанд.

Дар қонунҳои Тоҷикистон барои ин ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин аз 15 то 20 соли зиндон пешбинӣ шудааст. Дар назар аст, дар аввали моҳи оянда парвандаи Саидумар Ҳусайнӣ бар асоси 14 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Додгоҳи олӣ ирсол шавад.

Ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон рӯзҳои 16-17 сентябри соли ҷорӣ Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҳизби инак мамнӯи наҳзати исломӣ ва 12 узви дигари Шӯрои сиёсии ин ҳизбро ба иттиҳоми тарҳрезии ҳамлаҳо ба чанд иншооти муҳими давлатӣ боздошт карданд. Ин боздоштҳо баъди саркӯби исёни собиқ муовини вазири мудофиа, генерал Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) сурат гирифтанд.

Мавзуъ

Ба дари қароргоҳи ҲНИТ дар Душанбе муҳр заданд
Барчаспҳо:
баҳс, парвандаи муовини аввали раиси ҲНИТ, мурофиаи додгоҳӣ, эъломи айб алайҳи Ҳусайнӣ, Прокуратураи генералӣ, Додситонии кулл, ҲНИТ, Абдуҳалим Назарзода, Ҳоҷӣ Ҳалим, Саидумар Ҳусайнӣ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ