ВКД: дар Хатлон як мактаб мавриди ҳамлаи дуздон қарор гирифт

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкБоздоштгоҳ. Акс аз бойгонӣ
Боздоштгоҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаби чоршанбеи гузашта дар маркази маъмурии вилояти хатлон дуздон ба бинои макатаби миёна ворид шуда, аз он ҷо маболиғи пулӣ ва фанновариро ба яғмо бурдаанд.

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Шаби чоршанбеи гузашта дар маркази маъмурии вилояти Хатлон, шаҳри Қӯрғонтеппа, мактаби миёнаи рақами 4 мавриди ғорати дуздон қарор гирифтааст, иттилоъ медиҳад сомонаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

"Аз ин муассисаи таълимӣ сейф аз кабинети директор ва дигар техника ба маблағи умумии беш аз 20 ҳазор сомонӣ дуздида шуданд",- меафзояд манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин робита ба гумони даст доштан дар ин дуздӣ се нафар ҷавонони 20-сола боздошт шудаанд, ки ба маблағи беш аз 20 ҳазор сомонӣ техникаи мактабро рабудаанд.

Ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят кормандони милиса сокинони ҷавони шаҳри Қӯрғонтеппа, А.А.- 17-сола, И.М.-и 19-сола, И.И. ва В.А.- 20-соларо боздошт намудаанд.  

Лентаи хабарҳо
0