21:09 27 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
176 0 0

Дар навоҳии ҳаммарз бо Афғонистон далелҳои даст ба қочоқи нашъа задани шаҳрвандон ба қайд мерасад, ахири ҳафтаи гузашта дар Шӯрообод мақомоти интизомӣ як чунин амалро ҷилавгирӣ карданд.

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ аснои як амалиёти муштарак бо марзбонон гуруҳи қочоқчиёнро боздошт карданд.

"Зимни интиқоли миқдори зиёди маводи мухаддири навъи ҳашиш ба Душанбе аз ноҳияи Шӯроободи ҳаммарз бо Афғонистон чор нафар кормандони шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро боздошт гардидаанд",- омадааст дар иттилоъияи ин ниҳод.

Гуфта мешавад, вазни умумии  маводи нашъаовари аз онҳо мусодирашуда 56 килоро ташкил додааст.

Дар қиболи боздоштшудагон Додситонии кулли Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст, аммо аз ифшои ному насаби афсарон худдорӣ карда мешавад.    

Мавзуъ

КДАМ: боздошти гурезаи афғону шарикаш бо 70 кг ҳашиш
Барчаспҳо:
мусодира ва боздошт, нашъа, ҳашиш, ВКД ҶТ, КДАМ, Шӯрообод, Афғонистон, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ