11:04 21 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Бинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ

ВКД: кормандони мақомот боздошт нашудаанд

© Sputnik
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
59 0 0

Иттилоъ дар бораи боздошти чаҳор корманди мақомоти умури дохила дар расонаҳо нашр гардида, қаблан гуфта мешуд, ки онҳо бо иттиҳоми нашъаҷаллобӣ дастгир шудаанд.

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилӣ, ё ба истилоҳ "УБНОН", генерал-майор Мустафо Рустамзода  бо нашри як иттилоия боздошти 4 корманди ниҳодашонро дар вилояти Хатлон рад кард, менависад дафтари матбуотии ВКД ҶТ.

"Хабари рӯзи 22-юми феврали соли равон дар сомонаҳои интернетӣ пахшшуда оиди он, ки гӯё 4 нафар кормандони Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи нашъадор дастгир гардидаанд, асосӣ воқеӣ надошта, бе ягон далелу асос нашр карда шудаанд",- омадааст дар изҳороти генерал, ки онро сайти вазорат нашр кардааст.

Қаблан дар расонаҳои маҳаллӣ хабаре паҳн шуд, ки рӯзи шанбеи гузашта, бо 56 кило ҳашиш ва 9 кило героин дар ноҳияи Шӯрообод гуруҳи қочоқчиён боздошт гардиданд ва дастгиршудаҳо кормандони шуъбаи мубориза бо маводи мухаддири шаҳри Душанбе будаанд.

"Баъди бозпусӣ маълум шудааст, ки ин афрод, на қочоқӣ, балки ҳамчун корманди мақомот, ин миқдор маводи мухаддирро дарёфту мусодира намудаанд. Онҳо санад тартиб дода, маводи мухаддирро мусодира кардаанд. Вазифашонро аз рӯи қонун иҷро кардаанд. Баъди ин ҳар чорашон озод шудаанд", —меафзояд манбаъ.

 

 

Мавзуъ

КДАМ: аз интиқоли 10 кг афюн ба Ӯзбакистон ҷилавгирӣ шуд
Барчаспҳо:
ҳашиш, нашъа, боздошт, қочоқчӣ, изҳорот, раддияи генерал, радди боздошт, Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, УБНОН, ВКД ҶТ, Мустафо Рустамзода, Душанбе, Шӯрообод, Хатлон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ