01:56 20 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.16
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
107 0 0

Айни замон мақомот ҷиҳати муайян кардани ҳуввияти дигар ашхос, ки дар ин қазия даст доранд, амалиётро идома медиҳад.

ДУШАНБЕ, 29 фев — Sputnik. Сокини деҳаи Ёгеди ноҳияи Дарвоз бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир боздошт гардидааст, иттилоъ медиҳад Агентии назорат аз болои маводи нашъадори Тоҷикистон.

"Сокини Дарвоз шабонарӯзи гузашта дар мавзеи марзии Тӯғаки деҳаи Сангевни Дарвоз  аз ҷониби кормандони ин ниҳод, ба даст афтодааст. Ҳангоми кофтуков аз ин шахс ду борхалта, ки дар дохилаш 31 баста маводи хамирмонанди ҷигариранг мавҷуд буд, кашфу мусодира гардид",- меафзояд манбаъ.

Ташхиси озмоишгоҳ маълум кардааст, ки маводи мусодирашуда 27 килограм афюн мебошад. Ба иттилои дафтари матбуоти Агентии мубориза бо маводи мухаддир, дар ҳоли ҳозир чорабиниҳои фаврӣ барои муайян кардани шахсияти шаҳрвандони Тоҷикистон ва Афғонистон, ки дар ин амал даст доранд, давом меёбад.

Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шуд, тафтиши масъулини идораи муфаттишони АНМН ба зимма доранд.

Мавзуъ

АНМН: мубориза бо қочоқи маводди мухаддир бояд дастҷамъона бошад
Барчаспҳо:
боздошт, мусодира, нашъа, афюн, маводи мухаддир, АНМН, Тӯғак, Сангевн, Ёгед, Дарвоз, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ