02:32 23 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Ҳашиш. Акс аз бойгонӣ

Боздошти корманди ВКД ҶТ бо 36 кг нашъа

© Sputnik / Андрей Стенин
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
92 0 0

Дар натиҷаи корҳои фаврӣ- ҷустуҷуии кормандони Хадамоти давлатии назорати маводи нашъадори ҷумҳурии Қирғизистон дар бағоҷи бордони сабукрави “Опел вектра” ду борхалтаи варзишӣ дарёфт намуданд, ки дар дохили онҳо 36 кг “ҳашиш” буд.

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Аз ҷониби кормандони ХДМН-и Қирғизистон амалиёти вижа барои ҷилавгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида шуд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии Қирғизистон.

Дар пайи амалиёти мақомоти мубориза бо маводи мухаддири Қирғизистон мошини "Опел вектра"-ро манъ карданд, ки таҳти идораи корманди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон қарор дошт, мегӯяд манбаъ. Дар дохили автомашина инчунин шаҳрванди дигари Тоҷикистон, сокини шҳри Душанбе низ буд.

Гумонбаршудагон дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар деҳаи Жаштики вилояти Бодканд дастгир  шуданд.

Дар рафти ҷустуҷӯи автомашина аз он  ду борхалтаи варзишӣ бо маводи рангаш қаҳваранги бӯи (конопли) худрӯй дошта дарёфт гардид.

Коршиносони мақомоти мубориза бо маводи мухаддири Қирғизистон маълум карданд, ки он маводи мухаддири навъи "ҳашиш"(чарси афғонӣ) буда, беш аз 36 кило вазн дорад ва тахминан  4 миллион сомонӣ нарх.

Феълан алайҳи боздошташудагон парвандаи ҷиноӣ аз рӯи моддаи 247 КҶ ҶҚ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Мавзуъ

Боздошти як шаҳрванди Русия ба иттиҳоми ифротгароӣ дар Қирғизистон
Барчаспҳо:
дарёфту мусодира, ҳашиш, маводи мухаддир, нашъа, ХНМҚ, Хадамоти назорати маводи нашъадори Қирғизистон, Жаштик, Душанбе, Ботканд, Тоҷикистон, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ