Кашфу мусодираи 7 кило ҳашиш дар Душанбе

© Sputnik / Андрей Стенин / Гузариш ба медиабонкҲашиш. Акс аз бойгонӣ
Ҳашиш. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин дар ҳолест, ки мақомот рӯзи гузашта дар шоҳроҳи Қалъаи хумб- Душанбе дар мавзеъи Ғармхоҳи рустои Хустав аз мусодираи беш аз 14 кило нашъа иттилоъ дода буданд.

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Аз манзили як сокини шаҳри Душанбе зиёда аз 7 кг маводи нашъаовар дарёфт шудааст, менависад сомонаи ВКД ҶТ.

"Рӯзи 11-уми апреди соли равон аз ҷониби кормандони ШКД-и ноҳияи Рӯдакӣ як сокини 34-солаи пойтахт бо иттиҳоми даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир шуд",- меафзояд манбаъ.

Аз дохили таҳхонаи боздоштшуда 7 килою 010 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст.

Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0