17:56 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.68
  • RUB0.15
Бинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ

ВКД: боздошти дуздони “касбӣ” дар Душанбе

© Sputnik
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
29 0 0

Моҳи феврали соли равон ин ду нафар аз манзили истиқоматии зани 66-солаи сокини шаҳри Душанбе маблағҳои пулӣ ва ҷавоҳиротро ба маблағи бузург рабудаанд.

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Дар пойтахти кишвар ду нафар бо иттиҳоми анҷоми силисадуздиҳо боздошт гардидаанд, ки  қаблан бо чандин моддаҳои Кодекси ҷиноӣ суд шудаанд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ВКД ҶТ.

Ба қавли манбаъ, инҳо дуздони "касбӣ" буда, дар чандин ҷиноёти марбути ғоратгарӣ даст доштаанд.

"Аввалӣ сокини ноҳияи Рӯдакӣ буда, 40 сол дорад ва пештар бо моддаҳои 234 (ғайриқонунӣ буридани дарахт  ва буттаҳо), 156 (вайрон кардани ҳуқуқҳои муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста ба он), 248 (ғоратгарӣ), 249 (роҳзанӣ) ва 244 (дуздӣ) —и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст. Дуюмӣ сокини шаҳри Душанбе 23-сола, ӯ низ қаблан бо моддаи 244 Кодекси ҷиняотии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст",- омадааст дар хабари сарчашма.

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, онҳо моҳи феврали соли ҷорӣ аз хонаи истиқоматии зани 43-солаи сокини шаҳри пойтахт як адад телевизори тамғаи "Sparrow" ва ҷавоҳироти нуқрагӣ, ҷамъ ба маблағи 3000-сомониро дуздидаанд.

Ҳамчунин, моҳи декабри соли 2015 бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии марди 32-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ шуда, аз он ҷо молу ашёҳои рӯзгор, ҷавоҳироти тиллоӣ, 2000-рубли Федератсияи Русия ва 130-сомонӣ пули нақд, ҷамъ ба маблағи 9019 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

"24-уми феврали соли ҷорӣ бошад, аз манзили истиқоматии зани 66-солаи сокини шаҳри Душанбе маблағҳои пулӣ: 600-доллари амрикоӣ, 500 евро ва 900 рубли русиро дуздидаанд",- меафзояд манбаъ.

Дар нисбати ин ду нафар парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишотро кормандони мақомоти қудратии кишвар идома медиҳанд.

Мавзуъ

ВКД: дуздии компютерҳо ва 15 ҳазор сомонӣ аз ҷониби занон
Барчаспҳо:
дуздони касбӣ, ҷиноят, дуздӣ, парванда, боздошт, ВКД ҶТ, Рӯдакӣ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ