22:46 23 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Телевизорҳо. Акс аз бойгонӣ

Ғорати телевизорҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ

© Flickr/ Matthew Hurst
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
16 0 0

Арзиши умумии телевизорҳои дуздидашуда ҳудуди 32.000 сомониро ташкил медиҳад.

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Чанде қабл ва инак моҳи апрел ба коргоҳи ҶДММ "ТБТ АНТО", воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, ду маротиба дузд даромада, дар маҷмӯъ 80-адад телевизорҳои тамғаи "ТСЛ"-и корхонаро рабудаанд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ВКД ҶТ.

Арзиши умумии телевизорҳои дуздидашуда 32. 000 сомониро ташкил медиҳад.

Манбаъ мегӯяд, дар робита ба далели дуздии мазкур ҷавонони 22 ва 23-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакиро ҳамчун гумонбар дастгир намуданд.

Дар қиболи боздоштшудагон бар пояи моддаи 244 (дуздӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Мавзуъ

ВКД: ду ҳолати дуздӣ дар шимолу ҷануби кишвар ошкор гардид
Барчаспҳо:
ғорат, телевизор, яғмо, дуздӣ, ВКД-и Тоҷикистон, Рӯдакӣ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ