09:23 09 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
25 0 0

Аснои баргузории амалиёти вижаи ҷустуҷӯии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз замини гандумзори ин шаҳрванд беш аз 50 кило ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд.

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Тайи ду рӯзи охир кормандони милитсия дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ва шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бештар аз 70 кило маводи мухаддир мусодира намудаанд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ВКД ҶТ.

Ҳангоми баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини ноҳияи Панҷ бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир шудааст.

"Аснои кофтукоб ва ҷустуҷӯ аз заминҳои кишти гандуми наздиҳавлигии ӯ 50 килою 650 грамм маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд",- менависад манбаъ.

Ба ҳамин монанд, як рӯз баъд  кормандони ШВКД дар шаҳри Хуҷанд марди 40-соларо, ки сокини ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд будааст, чун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир намуданд.

Манбаъ мегӯяд, кормандони фаврӣ аз ӯ 20 килою 137 грамм маводи нашъадори ҳашиш кашф ва мусодира кардаанд. Аз рӯи ин ду ҳодиса ҳоло парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шудаву тафтишот идома дорад.

Мавзуъ

Тайи як шабонарӯз дар ҶТ 24 кг нашъа мусодира гардидааст
Барчаспҳо:
70 кило маводи мухаддир, ҳашиш, маводи мухаддир, ШВКД, Суғд, Хатлон

Мавзӯъҳои асосӣ