07:52 01 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
31 0 0

Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчун муҳоҷирони меҳнатӣ ба Маскав рафта, баъд ба Туркия парвоз карданд. Онҳо ҳангоми убури марзи Туркия ва Сурия аз ҷониби марзбонони туркӣ дастгир гардиданд.

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Дар Душанбе се нафар бо иттиҳоми ҳамроҳ шудан ба сафи гурӯҳи ҷиноятпешаи "Давлати Исломӣ" 12 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба намояндаи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт.

"Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ шаҳрвандони ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд-Эшмурод Хушмуродови 64-сола, наберааш Акбар Хушмуродови 19-сола ва шиносашон Орифҷон Орифҷоновро мувофиқи моддаи 401 КҶ ба 12 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард",-иброз дошт ҳамсӯҳбат.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Бино ба  маълумоти тафтишот ҳангоме, ки моҳи сентябри соли 2015 писари Эшмурод Хушмуродови маҳкумшуда дар Сурия дар пайи иштирок дар амалиётҳои террористӣ ба ҳалокат мерасад, Хушмуродов набера ва як нафари дигарро бовар кунонида мехоҳад бо мақсади ҳамроҳ шудан ба сафи ҷангиёни Давлати Исломӣ бо худ ба Сурия барад.

"Баъд ҳар се нафар аввал ба Маскав сафар карда, дар охири моҳи сентябри соли 2015 аз Маскав ба Истамбул парвоз кардаанд",-гуфт намояндаи додгоҳ.

Зимни убури марзи Туркия ва Сурия ҷинояткорон аз ҷониби сарҳадбонони туркӣ дастгир гардида ба Тоҷикистон интиқол дода шуданд.

Қаблан додгоҳи ҳамин ноҳияи пойтахт сокини шаҳри Душанбе Абдулло Юсуфовро мувофиқи моддаи дар боло зикр шуда ба 14 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум намуд.

Дар Сурия аз моҳи марти соли 2011 то имрӯз муноқишаи низомӣ идома дошта, тибқи иттилоъи СММ дар пайи ин даргириҳо 220 ҳазор нафар ҳалок шудааст.

Мавзуъ

Додгоҳи олӣ “Давлати исломӣ”-ро террористӣ эълон кард
Бонуи олмонӣ ба Ироқ омад, то ҳамсари роҳбари Давлати исломӣ шавад
Барчаспҳо:
12 соли маҳрумият аз озодӣ, Давлати Исломӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ