06:11 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Дастбанд. Акс аз бойгонӣ

Узви “Бандаи ГТА” дар Тоҷикистон дастгир гардид

© Sputnik / Андрей Стенин
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
37 0 0

Шаҳрванди Тоҷикистон Фаррух Азамҷонов ба даъвати шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба гурӯҳҳои террористӣ аз ҷумла ба сафи Давлати Исломӣ машғул будааст.

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Дар Душанбе дар пайи амалиёти вижа Фаррух Азамҷонови 38-сола, ки дар Русия дар кофтукови мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дошт, дастгир гардид иттилоъ дод манбаъ аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

"Азамҷонов бо иттиҳоми узвият дар "Бандаи ГТА" ва иштирок дар кушторҳои оммавӣ дар шоҳроҳҳои М-4 "Дон"-и Русия мутаҳҳам мешавад",-гуфт ҳамсӯҳбати оҷонсӣ.

Ӯ илова намуд, ки дастгиршуда ҳамчунин ба даъвати шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба гурӯҳҳои террористӣ аз ҷумла ба сафи Давлати Исломӣ барои иштирок дар ҷангҳои Ироқ ва Сурия машғул будааст.

"Масъалаи истирдоди Азамҷонов ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия аз ҷониби додситони кулли ҳарду кишвар баррасӣ шуда истодааст",-илова кард манбаъ аз ВКД Тоҷикистон.

Баъди дастгир шудани аксари аъзоёни гурӯҳи ҷиноии "Бандаи ГТА" дар авоили моҳи ноябри соли гузашта Азамҷонов ба Тоҷикистон фирор намудааст. Бино ба маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия куштор дар шоҳроҳҳои Русия барои санҷиши омода будани иштирокчиёни гурӯҳ ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ гузаронида мешуданд.

Солҳои 2012-2014 дар вилояти наздики Маскав аз ҷумла дар шоҳроҳи М-4 "Дон" аз ҷониби "Бандаи ГТА" 15 ҳодисаи роҳзанӣ, ҳамчунин 17 куштор ва қасд ба ҷони ду нафар ба анҷом дода шудааст. ВАО-и Русия номи ин гурӯҳи ҷиноятпешаро "Бандаи ГТА" монданд, ки он аз бозии компютерӣ гирифта шудааст. Айни ҳол аз рӯи ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
дастгир шуд, "бандаи ГТА", Фаррух Азамҷонов, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ