22:11 18 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Боздошти гумонбаршудагон. Акс аз бйогонӣ

Кормандони пулиси Русия 14 сол аз озодӣ маҳрум шуданд

© Sputnik / Евгений Биятов
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
12 0 0

Ҷинояткорон, ки ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мутаҳҳам мешаванд ба аз 5 то 14 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуданд.

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Кормандони собиқ хадамоти Федеролии Русия оид ба назорати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳамчунин намояндаи шӯъбаи корҳои дохилӣ дар округи федеролии Сибир дар ташкили интиқоли маводи нашъадор аз Осиёи Марказӣ айбдор мешаванд, омадааст дар хабарномаи Кумитаи тафтишоти ФР.

Бино ба иттилои кумитаи тафтишотӣ моҳи октябри соли 2013 кормандони Хадамоти назорати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар вилояти Новосибирск Александр Якушев, Тимофей Соколов, Александр Василев, Василий Маркин ва Михаил Кушнир дар якҷоягӣ бо намояндаи ВКД дар округи федеролии Сибир Алексей Борников интиқоли ғайриқонунии ҳероинро аз Тоҷикистон ба Русия ташкил кардаанд.

Ҳамчунин ҷинояткорон ба таври бардуруғ шахси бегуноҳро бо иттиҳоми даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидаанд.

"Дар бастагӣ бо далелҳои махзкур додгоҳ нисбати кормандони Хадамоти назорати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар вилояти Новосибирск Александр Якушев, Тимофей Соколов, Александр Василев, Василий Маркин ва Михаил Кушнир ва намояндаи ВКД дар округи федеролии Сибир Алексей Борников ва ҳамчунин ба сокинони Новосибирск Илҳомҷон Шомирсаидов ва Дмитрий Корнев ҳукм баровард",-омадааст дар хабарнома.

Ҷинояткорон ба аз 5 то 14 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуда, то 400-500 ҳазор рубли русӣ ҷарима шуданд. Соколов ва Маркинро ба муддати 4 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум карданд.

Соли 2014 ВКД ФР дар бораи дастгир шудани гурӯҳи кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳамроҳ бо чор сокини Новосибирск ба интиқоли қисми калони  маводи мухаддир аз Осиёи Марказӣ ба Сибир машғул буданд хабар дод.

Зимни қабули қочоқи аввалини ҳероин ба миқдори 7,8кг ҷинояткорон дастгир гардиданд. Дар умум аз онҳо 18 кило маводи мухаддир дарёфт ва мусодира гардид, ки маблағи умумии он тахминан 1,8 миллион долларро ташкил медиҳад.

Барчаспҳо:
гардиши ғайриқонунӣ, кормандони пулис, 14 соли маҳрумият аз озодӣ, ВКД-и Русия, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ