Дар Тоҷикистон мушовири ҳуқуқии раиси ҳизби наҳзати ислом аз маҳкама озод шуд

© Sputnik / Шлей / Гузариш ба медиабонкМаҳбас. Акс аз бойгонӣ
Маҳбас. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ягона зан-Зарафо Раҳмонӣ, миёни 13 нафар аъзоёни ҳизби наҳзати ислом ба ду соли маҳрумият аз озодӣ бо адои ҷазо дар маҳбаси низомаш умумӣ, маҳкум карда шуда буд.

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Аъзои ҳизби мамнуи Ҳизби наҳзати ислом (ҲНИТ), Зарафо Раҳмонӣ, ки ба ду соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуда буд ба озодӣ баромад, иттилоъ дод, рӯзи сешанбе писараш Маҳмад Раҳмонӣ ба рӯзноманигорон.

Муҳиддин кабирӣ дар интихоботи парлумонии соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Ҷустуҷӯи Муҳиддин Кабирӣ аз тарафи Интерпол давом дорад

Ягона зан-Зарафо Раҳмонӣ, миёни 13 нафар аъзоёни ҳизби наҳзати ислом ба ду соли маҳрумият аз озодӣ бо адои ҷазо дар маҳбаси низомаш умумӣ, маҳкум карда шуда буд. Зарафо мувофиқи қонун "Дар бораи авф" (ӯ ҳамчунин соҳиби чор фарзанди ноболиғ аст), аз маҳкама озод карда шуд.

"Модари ман мувофиқи қонуни авф шоми рӯзи гузашта, озод карда шуд. Айни ҳол ӯ миёни пайвандону ёру дӯстон аст",-хабар дод Маҳмад Раҳмонӣ.

Ҳукумати Тоҷикистон ҷавобгарии ҳуҷуми мусаллаҳонаро, ки аз ҷониби собиқ муовини вазири вазорати мудофиаи кишвар Абдуҳалим Назарзода, 4 сентябри соли 2015 ташкил карда шуда буд, ба ҲНИТ вогузошта, ин ҳизбро дар маблағгузории кӯшиши табадуллоти давлатӣ айбдор кард.

Шонздаҳуми сентябри ҳамон сол ҳамаи аъзоёни ҲНИТ аз озодӣ маҳрум карда шуда, мувофиқи қарори Додгоҳи олӣ ин ҳизб 26-уми сентябр ҳамчун-ҳизби мамнӯъ эълон карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0