07:51 27 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1201

Нисбати Холинов аз рӯи моддаи даъвати оммавӣ ба амалҳои террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистони муқими вилояти Владимир бо ҳукми додгоҳ бо иттиҳоми даъват ба куштори нафарони ғайримусумон ва дохил шудани ба сафи "Давлати Исломӣ" ду сол аз озодӣ маҳрум карда шуд, хабар медиҳад прокуратураи минтақавӣ.

"Мувофиқи маълумотномаи мутахассис дар  навор нишонаҳои барангезандаи содир намудани амалҳои ҷангҷӯёна- куштори гурӯҳи одамони "ғайримусалмон", дохил шудан ба ташкилоти байналмииллалии террористии "Давлати исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ва иштирок дар амалҳои ғайриқонунии он, дида мешавад",- хабар медиҳад прокуротура.

Нисбати Холинов аз рӯи моддаи "Даъвати оммавӣ ба амалҳои террористӣ"  парвандаи ҷиноӣ боз карда шуд. Барои чунин амал моддаи мазкур то панҷ соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ намудааст. Холинов пурра ба гуноҳи

"Бо қарори додгоҳ гунаҳкор бо адои ҷазо дар калонаи низомаш умумӣ ду сол аз озодӣ маҳрум карда шуд",-хабр медиҳад хадамот.

Тафтишот муайян кард, ки соли 2012 шаҳрванди Тоҷикистон Холинов ба деҳаи Степантсевои ноҳияи Вязанскии вилояти Владимирский омад ва иҷозаи истиқоматӣ гирифт. Пас аз истифодабари ҳамарӯзаи интернет дар шабакаи иҷтимоии "Одноклассники" саҳифаи худро кушод ва тирамоҳи ҳамон сол дар саҳифаи худ навори тарғибкунандаи амалҳои террористиро гузошт.

Мавзуъ

Додгоҳ дар Русия 2 тоҷикро барои 7 сол равонаи зиндон кард
Барчаспҳо:
даъват ба амалиёти террористӣ, 2 соли маҳрумият аз озодӣ, Холинов, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ