10:43 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Дар додгоҳ. Акс аз бойгонӣ

Шаҳрванди Тоҷикистон дар Санкт-Петербург дастгир шуд

© Sputnik / Евгений Биятов
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
6701

Дар пайи ҷӯстуҷӯ, рӯзи сешанбе аз манзили зисти боздоштшудагон таҷҳизоти электронӣ бо маълумотҳои шубҳанок ва нашриёт, ки дар рӯйхати федералии маводҳои манъшуда дохиланд мусодира карда шуд

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Петебург бо иттиҳоми шомили гурӯҳи ҷиноии "Ҳиб-ут-таҳрир" будан, дастгир гардид.

Панҷ нафари дастгиршудагон-шаҳрвандони ФР мебошанд, хабар медиҳад РИА Новости  бо такя ба манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Додгоҳи ноҳияи Кирови Петербург рӯзи чоршанбе оиди боздошти шаш нафар аъзоёни гурӯҳи "Ҳизб ут-Таҳрир", ки дар аксари мамолики ҷаҳон аз ҷумла дар Русия фаъолияти он мамнӯъ карда шудааст, қарор қабул кард.

Бино ба маълумоти манбаъ гурӯҳи ҷиноӣ шурӯъ аз соли 2013 инҷониб дар ҳудуди шаҳри Петербург ва вилоятҳои назди он фаъолият кардааст. Манбаъ хабар медиҳад, ки дар пайи корҳои вижаи ҷустуҷӯӣ шаш нафар аъзоёни гурӯҳ дастгир шуданд.

"Дар байни боздоштшудагон панҷ нафар шаҳрвандони Русия: се нафар зодагони Доғистон ва ду нафар сокинони шаҳри Петербург мебошанд. Нафари шашум шаҳрванди Тоҷикистон аст",-гуфт манбаъ.

Бино ба маълумоти манбаъ дар пайи ҷӯстуҷӯ аз манзили зисти боздоштшудагон рӯзи сешанбе таҷҳизоти электронӣ бо маълумотҳои шубҳанок ва нашриёт, ки дар рӯйхати федералии маводҳои манъшуда дохиланд мусодира карда шуд.

Барчаспҳо:
як шаҳрванди Тоҷикистон, шаш нафар, дастгир шуд, Додгоҳи Кирови Петербург, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ