03:44 18 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Маҳбас. Акс аз бойгонӣ

Сокинони шаҳри Душанбе 6 сол аз озодӣ маҳрум шуданд

© Sputnik / Владимир Песня
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
9701

Дар рафти тафтишот маълум гардид, ки гунаҳкорон бо аъзоёни гурӯҳи ҷиноии ДИ алоқа карда, нияти ба қатори онҳо шомил шуданро доштаанд

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Ду нафар сокинони пойтахти Тоҷикистон, ки нияти шомил шудан ба сафи гурӯҳи ҷиноии Давлати Исломӣ (мамнӯъ дар Тоҷикистон)-ро доштанд ба 6 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум карда шуданд, хабар дод намояндаи дафтари матбуоти Додгоҳи Олии Тоҷикистон.

"Наҷмиддин Хоҷаабдуллоев ва Ривоҷиддин Бобохонов аз тарафи суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иттиҳоми шомил шудан ба қатори ҷангиёни гурӯҳи Давлати Исломӣ, ба  шаш соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум карда шуданд",-гуфт ӯ.

Дар рафти тафтишот маълум гардид, ки гунаҳкорон бо аъзоёни гурӯҳи ҷиноии ДИ, тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернет алоқа карда, нияти ба қатори онҳо шомил шуданро  доштаанд.

Хоҷаабдуллоев замони дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан, дар ФР моҳи марти соли 2016 бо мақсади шомил шудан ба сафи ҷангиёни ДИ аз Екатеринбург ба Истамбул парвоз мекунад ва дар он ҷо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркия дастгир ва ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад.

Бобохонов бошад, аз тарафи кормандони пулиси Русия моҳи августи соли 2016 зимни парвоз ба самти "Маскав-Боку-Истамбул" боздошт гардид.

Мавзуъ

Шаҳрванди Тоҷикистон дар Санкт-Петербург дастгир шуд
Барчаспҳо:
6 соли маҳрумият аз озодӣ, ду сокини пойтахт, дастгир шуданд, Давлати Исломӣ, Ривоҷиддин Бобохонов, Наҷмиддин Хоҷаабдуллоев, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ