14:24 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Вазири иқтисоди Федератсияи Русия Алексей Уляков. Акс аз бойгонӣ

Додгоҳ вазири иқтисоди Русия Алексей Уляковро ҳабс кард

© Sputnik / Сергей Гунеев
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
37 0 0

Додгоҳи шаҳри Маскав вазири иқтисоди Русияро ба ҳабси хонагӣ маҳкум кард. Ҳамин тавр додгоҳ бо пешниҳоди Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия розӣ шуд

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Ҳабси хонагӣ то 15 январи соли 2017 идома хоҳад кард. Вазири иқтисоди Русия  танҳо ҳуқуқи бо аҳли оила ва хешу табори наздик вохӯрданро дошта, аз истифодаи алоқаи мобилӣ ва сайругашт дар ҳавои тоза маҳрум карда шуд.

Муфаттишони Сарраёсати Кумитаи тафтишоти ФР вазири иқтисоди Русия Алексей Уляковро мувофиқи моддаи 290-и Кодекси ҷиноии ФР (гирифтани ришва ба қадри махсусан калон аз ҷониби корманди давлатии Федератсияи Русия) гунаҳкор карданд.

Дар ин бора Кумитаи тафтишоти ФР дар торномаи расмии худ хабар медиҳад. Ба гуфти муфаттишон Уляков аз намояндаи  "НК "Роснефть" барои қонунӣ кардани харидории  аксияҳои "Башнефть" ба қадри махсусан калон ришва ситонидааст.

"Дар баробари ин гунаҳкор нисбати ришвадиҳанда таҳдид кардааст, ки дар сурати баръакс барои фаъолияти минбаъдаи ширкат мушкилиҳо эҷод хоҳад кард",-омадааст дар хабарномаи Кумитаи тафтишоти ФР.

Шохин мегӯяд, ки Уляковро набояд ҳабс кард. Дар додгоҳ Алексей Уляков изҳор дошт, ки аз гипертония ва атеросклероз азият мекашад. Ӯ хоҳиш кардааст, ки ӯро ба ҳабси хонагӣ накашанд ва ҳимоятгари ӯ пешниҳод кардааст, ки бояд ҷазо ба намуди маҳдуд кардани сафар ба хориҷ бошад.  

Ба гуфти ҳимоятгар вазир бояд бо сабаби беморӣ камаш дар як рӯз ду соат сайёҳат кунад.

Қаблан хабар дода шуд, ки аз ҷониби Хадамоти амнияти ФР вазири иқтисоди Русия Алексей Уляков дастгир гардид. Ӯ ба сидонидани ришва ба қадри 2 миллион доллар гунаҳкор дониста шуд.

Ҷолиби диққат аст, ки дар таърихи ИҶШС ва Русия ин ҳодисаи дуюми боздошти корманди воломақоми давлатӣ мебошад. Соли 1953 кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои дастгир кардани Берия ба Кремл омада буданд.

Барчаспҳо:
2 миллион доллар, то 15 январ, ҳабси хонагӣ, ришваситонӣ, Сарраёсати Кумитаи тафтишоти ФР, Алексей Уляков, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ