Додгоҳи Русия шаҳрванди Тоҷикистонро 16 сол аз озодӣ маҳрум кард

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкДар додгоҳ. Акс аз бойгонӣ
Дар додгоҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Боздоштшуда мехост 4 кило ҳероинро бар ивази 5 миллион рубли русӣ фурӯшад. Маҳкумшуда бо қарори додгоҳ 16 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Красноярск шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми даст доштан ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳабс кард.

Мувофиқи маълумоти муфаттишон моҳи августи соли 2015 маҳкумшуда, бо сокинони шаҳри Красноярск оиди фурӯши қисми нисбатан калони маводи мухаддир бар ивази 5 миллион рубли русӣ маслиҳат кардааст. Бино ба маълумот баъди як моҳ ӯ макони нигоҳдории маводи мухаддирро ба онҳо нишон додааст. Фурӯши маводи мухаддир таҳти идораи кормандони ҳифзи ҳуқуқ сурат гирифтааст.

Юлдошев Д.Д. ба гуноҳи худ қисман иқрор шуда, қайд кардааст, ки бо фармони дигар корбарон фаъолият кардааст ва вазифаи ӯ танҳо нишон додани макони нигоҳдории маводи мухаддир будааст.

"Мувофиқи ҳукми додгоҳ боздоштшуда, бо иттиҳоми гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири қисми махсусан калон ба 16 сол ва 6 моҳи маҳрумият аз озодӣ бо адои ҷазо дар калонияи ислоҳии низомаш вазнин маҳкум карда шавад",-омадааст дар хабарнома. Ба ҷонибҳо 10 рӯз барои арзаи шикоят дода шудааст.

Ҳероин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Маскав: боздошти муҳоҷири тоҷик бо 1,5 кило ҳероин

Қаблан хабар дода шуд, ки кормандони Хадамоти амнияти федералӣ дар шаҳри Маскав ва Петербург 10 нафар зодагони Осиёи Марказиро, ки яке аз онҳо шаҳрванди Тоҷикистон мебошад, бо иттиҳоми омода намуlани нақшаи ҳамлаи террористӣ дар қаламрави Русия дастгир карданд. Амалиёти боздошт дар якҷоягӣ бо мақомоти қудратии Тоҷикистон ва Қирғизистон сурат гирифт.

Ҳукумати Қазоқистон бо мақсади пешгирии ҳамлаҳои террористӣ дар кишвар қонун дар бораи додани подош ба нафаре, ки оиди омода намудани нақшаи террористӣ хабар медиҳад, қабул кард.

Мувофиқи қонуни мазкур нафаре, ки ба мақомоти ҳукуматӣ оиди омода намудани нақшаи террористӣ хабар медиҳад ё дар пешгирии он саҳм мегузорад аз ҷониби ҳукумат бо мукофотпулӣ ба қадри аз 4,5 то 6,2 ҳазор доллари амрикоӣ қадрдонӣ мешавад.

Лентаи хабарҳо
0