09:28 23 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.13
  • EUR10.63
  • RUB0.14
Низомиёни айбдоршуда. Акс аз бойгонӣ

"Буздилӣ" ҳангоми ҳамлаи террористӣ низомиёни қазоқро паси панҷара бурд

© Sputnik Антон Пережогин
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
116 0 0

Кайнарбек Тастанбековро ба 4,5 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум карда, ба ёрдамчиаш Кайргали Оразҷонов 3,5 сол доданд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар Қазоқистон собиқ майори қисми низомии 6655-и Гвардияи миллӣ-Кайнарбек Тастанбеков ва Кайргали Оразҷоновро барои вайрон кардани оиннома, ҳангоми ҳамлаҳои террористии 5 июни соли 2016 айбдор донистанд, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.

Авоили моҳи июни соли 2016 гурӯҳи одамони номаълум ба ду мағозаи силоҳфурӯшӣ ва қисми низомии шаҳри Актоб ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом доданд.

Дар шаҳр низоми зидди террористӣ эълон шуд. Дар пайи ҳамлаи террористӣ  ҳашт нафар ба ҳалокат расиданд, ки се нафари онҳоро кормандони ҳифзи ҳуқуқ ташкил дод.

Кормандони мақомоти қудратӣ 18 ҳамлагарро нобуд карда, 9 нафари онҳоро дастгир намуданд. Дар охирҳои моҳи октябри соли 2016 додгоҳ ҳафт террористро ба 22 ва 20 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард.

Мақомоти қудратӣ изҳор дошт, ки низомиён зимни адои вазифа, ҳангоми ҳамлаи террористон гурехта, дар хоҷатхона пинҳон шуданд. Онҳоро бо моддаи 447-уми Кодекси ҷиноии ҶҚ айдбор эълон карданд. Майор Тастанбеков ба гуноҳи худ иқрор нашуд.  Ӯ мегӯяд, ки он замон аз тариқи тирезаи ҳоҷатхона хост ба пулис занг занад ва ҳамаи амалиёташ мувофиқи дастур буд.

Майор Оразҷонов бошад дар навбати худ ба гуноҳаш иқрор шуда, зимни сухани охирин узр пурсид.

Додгоҳ Тастанбековро ба 4 солу 6 моҳи маҳрумият аз озодӣ маҳкум карда, Оразҷоновро 3 солу 6 моҳ ҳабс кард. Бо қарори додгоҳ ҳар ду ҳам аз сафи коргарон пеш карда шуданд.

Мавзуъ

Нобуд сохтани 5 террорист зимни амалиёти вижа дар Актоб
Дар Қазоқистон 9 июн дар робита бо ҳодисаи Актоб Рӯзи мотам эълом шуд
Барчаспҳо:
ҳабс шудани майорҳои қазоқ, додгоҳи Қазоқистон, Кайнарбек Тастанбеков, Кайргали Оразҷонов, Қазоқистон

Мавзӯъҳои асосӣ