Қочоқи моҳӣ аз Суғд ба Душанбе

© Sputnik / Евгения Новоженина / Гузариш ба медиабонкБозори моҳӣ. Акс аз бойгонӣ
Бозори моҳӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокинни Бобоҷон Ғафуров бо иттиҳоми интиқоли ғайриқонунии моҳӣ аз вилояти Суғд ба Душанбе дастгир гардид

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умуми вазорати корҳои дохилии ҶТ кормандони милитсия дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии пойтахт, Умаров Салимҷон сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо қочоқи 336 кило моҳӣ дасгир намуданд.

Сигор дар корхонаи тамокубарорӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҷилавгирӣ аз қочоқи сигори навъи Pine ба Тоҷикистон

Сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо автомашинаи тамғаи "Мерседес Бенс", рақамаи давлатиаш 78 41 РР 02, аз вилояти Суғд ба Душанбе ғайриқонунӣ моҳӣ интиқол додааст.

Ҳангоми азназаргузаронии дохили автомашина муайян гардид, ки дар зери дигар анвои хӯрока 336 кг моҳиро ронандаи автомашинаи мазкур ғайриқонунӣ аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе интиқол дода, мехост онро дар пойтахт ба фурӯш гузорад.

Нисбати амали ғайриқонунии Умаров аз ҷониби кормандони ҳиязи ҳуқуқ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.

© Фото : Аз равобити умуи вазорати корҳои дохилии ҶТТартиб додани протоколи маъмурӣ нисбати сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Тартиб додани протоколи маъмурӣ нисбати сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - Sputnik Тоҷикистон
Тартиб додани протоколи маъмурӣ нисбати сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Лентаи хабарҳо
0