11:40 12 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Нуқтаи назоратии марзӣ. Акс аз бойгонӣ

Сафари ҳаҷравони қазоқ ба Макка дар Ҷайҳуни Тоҷикистон пешгирӣ шуд

© Sputnik / Семиряга
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
12811

Ду шаҳрванди Қазоқистон ният доштанд тариқи убири ғайриқонунии Тоҷикистону Афғонистон ба ҳаҷ раванд

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии вазорати умури дохилаи ҶТ ду шаҳрванди Қазоқистон зимни убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистон дастгир шуданд.

Рӯзи 20 май тахминан соати 22:00  дар дидбонгоҳи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ду шаҳрвади  Қазоқистон бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз дастгир гардиданд.

"Аскар Ушаков, соли таваллудаш 1986 ва Шамсуддин Жолай  соли таваллудаш 1970, ҳангоми кӯшиши убури ғайриқонунии марз дастгир гардиданд", — омадааст дар хабарнома.

Дастгиршудагон зимни бозпурсӣ мақсади убури ғайриқонунии марзро тариқи Афғонистон сафар ҳаҷ гуфтанд.

Айни замон санҷиш идома дорад.

Мавзуъ

Сокини ноҳияи Мурғоб бо сангҳои гаронбаҳо дастгир шуд
ФСБ панҷ муҳоҷир аз Осиёи Марказиро дастгир кард. Навори боздошт
Шиканандаи гӯрсангҳо дар ҷануби Тоҷикистон дастгир шуд
Барчаспҳо:
сафари ҳаҷ, дастгир гардиданд, ВКД-и Тоҷикистон, Ҷайҳун, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ