16:57 20 феврали 2018
Пахши мустақим
Дастбанд. Акс аз бойгонӣ

Дар ҳасрати садои мусиқӣ: дузди “Ямаха” дар Қубодиён дастгир шуд

© Sputnik / Кирилл Каллиников
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
64 0 0

Ашхоси номаълум пинҳонӣ ба “Қасри фарҳанг” ноҳияи Қубодиён ворид шудаву аз он ҷо як адад “Ямаха”-ро дуздидаанд

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД аз ин дуздӣ марди 60-солаи деҳаи Ёбузи ноҳияи Қубодиён ба мақомоти интизомӣ огаҳӣ додааст.

Рӯзи 30 июн ашхоси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди "Қасри Фарҳанг" шуда, аз он ҷо як сози мусиқии "Ямаха"-ро дуздидаанд.

Манбаъ меафзояд, ки арзиши ин асбоби мусиқӣ 7000 сомонӣ аст.

Зимни гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо иттиҳоми дуздӣ марди 28-солаи сокини ноҳияи Шаҳритус дастгир шудааст.

Гуфта мешавад, ки ин мард пештар аз рӯи моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноӣ зиндонӣ шуда будааст.

Нисбат ба ин қазия парвандаи ҷинояӣ оғоз гардида тафтишот давом дорад.

Мавзуъ

Дуздони 70 ҳазор сомонӣ дастгир шуданд
“Як бор ҷасти малахак..”: Дар ноҳияи Масчо дуздони ҷавоҳироти тиллоӣ дастгир шуданд
Барчаспҳо:
дуздӣ, ВКДҶТ, Қубодиён, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ