18:38 18 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Пули русӣ. Акс аз бойгонӣ

Қарзгири фиребгар: сокини Ваҳдат 380000 рублро намехоҳад баргардонад

© Sputnik / Илья Питалев
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
193 0 0

Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи қарздоронеанд, ки солҳост мардумро фиреб додаву мабалағашонро барнамегардонанд

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik.  Бино ба иттилоъи равобити умумии вазорати корҳои дохилии ҶТ, шикоятҳо дар бораи барнаградонидани қарз рӯзи 6 июл ба шуъбаи корҳои дохилӣ расидаанд.

Ба гузориши манбаъ, рӯзи 6 июл, ба шуъбаи мақоти интизомии ноҳияи Синои пойтахт, марди 47-солаи сокини шаҳри Норак бо ариза муроҷиат кардааст.

Ӯ аз марди 37-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, шикоят кардааст. Ин мард моҳи марти соли 2016 бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 380000 рубли русиро гирифта, то ҳол барнагардонидааст. 

Ҳамчунин, ба мақомоти милитсия марди 55-солаи сокини шаҳри Душанбе шикоят бурдааст.

Ӯ гуфтааст, ки рӯзи 1-уми июни 2014, зани 66-солаи сокини пойтахт, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 8000 доллари амрикоиро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Айни замон дар ин самт корҳои тафтишот идома дорад.

Мавзуъ

Дуздони 70 ҳазор сомонӣ дастгир шуданд
“Як бор ҷасти малахак..”: Дар ноҳияи Масчо дуздони ҷавоҳироти тиллоӣ дастгир шуданд
Дуздони “Лаъли асил” дар Кӯлоб ба даст афтоданд
Барчаспҳо:
қарз, ВКД-и Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ