04:51 05 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
234 0 0

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз боздошти дуздони эҳтимолӣ хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД ҶТ, китоби " Қуръони карим"-ро ҷавони 24-солае аз шаҳри Кӯлоб дуздидааст.

Гуфта мешавад, ки моҳи июли соли 2016, шахсони номаълум ба манзили зани 31-солаи сокини пойтахт даромада, аз он ҷо 1-адад яхдон, 1-адад китоби "Қуръони карим" ва як оинаро рабудаанд.

Маблағи умумии молҳои дуздидашуда, 10000-сомониро ташкил додааст.

Дар паи баргузории корҳои вижаи ҷустуҷӯӣ, кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Кӯлобро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир кардаанд.

Ба ҳамин монанд, зани 22-солаи сокини пойтахт ба мақомоти интизомӣ аз ғайб задани маблағаш аз дорухона шикоят кардааст.

Ба нақли ӯ, шаби 28-уми июни соли равон, шахсони номаълум вориди дорухонааш шуда, аз он ҷо 6500-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавондухтари 19-солаи сокини ноҳияи Нуробод бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир шудааст.

Ба гузориши манбаъ, аз амборхонаи марди 32-солаи сокини Душанбе ресмонҳо ғайб задаанд, ки маблағи умумиашон 30000-сомониро ташкил медиҳад.

Кормандони милитсия марди 49-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро ҳамчун гумонбар дар дуздии ресмонҳо дастгир кардаанд.

Манбаъ меафзояд, ки нисбат ба ин далелҳо парвандаҳои ҷинояӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Мавзуъ

Далели сар задани сӯхторро дар бозорҳои ноҳияи Фархор ВКД шарҳ дод
ВКД Русия: муҳоҷирзодагон ҳеч тафовуте бо кӯдакони рус надоранд
ВКД Тоҷикистон хабари кушта шудани Гулмурод Ҳалимовро пайгирӣ мекунад
ВКД Тоҷикистон: бо нерӯҳои Амрико рангоҷанг дорем, на размоиш
Барчаспҳо:
дуздӣ, боздошт, ВКД-и Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ