22:31 11 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
102 0 0

Муддати замони иваз кардани шумораҳои сабти давлатии василаҳои нақлияе, ки бо стандарти давлатӣ (СТ ҶТ 1020-2013) созгор нестанд, то якуми декабри соли 2017 тамдид карда мешавад

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилаи ҶТ охирин рӯзи иваз кардани шумораҳои сабти давлатии василаҳои нақлияро 1 декабри соли 2017 муқаррар кардааст.

ВУД ҶТ аз ронандагоне, ки шумораи сабти давлатии василаҳои нақлияашон бо стандарт созгор нест, хостааст то поёни муддати замони муқарраршуда шумораҳояшонро дар бунгоҳҳои сабти василаҳои нақлия ва имтиҳони ронандагии БДА дар маҳалли зисташон иваз кунанд.

Манбаъ меафзояд, ки ронандагон метавонанд бо шумораҳои 235-05-12, 235-04-23 ва 235-79-29 занг зада дар ин бора бештар маълумот бигиранд.

Пештар хабар дода шуд, ки гувоҳии ронандагоне, ки аксашон дар муддати 10 сол иваз нашудааст, беэътибор ва ронандагӣ бо чунин гувоҳинома қонуншиканӣ дониста шуда ронандагон муҷозот хоҳанд шуд.

Мавзуъ

БДА рақамҳои зебои силсилаи "ЕС 01"-ро мефурӯшад
БДА ба ронандагон: аксҳои 10 солаатонро иваз кунед
БДА чаҳор рӯз ба шаҳрвандон гувоҳиномаи ронандагӣ нахоҳад дод
БДА: мошинҳои худро аз муоинаи техникӣ гузаронед!
Барчаспҳо:
тамдид, ВКД-и Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ