08:10 22 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Тилло

Боздошти зани 41-сола бо иттиҳоми қочоқи тилло

© Sputnik / Марк Редькин
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
151 0 0

Кормандони мақомоти интизомии ноҳияи Ҳисор зани 41-соларо бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии металлҳои гаронбаҳо дастгир карданд

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВКД ҶТ, зани 41-солаи сокини ноҳияи Ҳисор бо гумони муомилоти ғайриқонунии металлҳои қимматбаҳо дастгир шуд.

Бино ба иттилоъи манбаъ, ҳангоми ҷустуҷӯ дар хонаи истиқоматии ин зан  4,09-грамм металли рангаш зард, дарёфт ва мусодира гардидааст.

Мувофиқи маълумотномаи нозироти давлатии Иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, металли гирифташуда, хуллаи металли тилло буда, арзишаш 1 ҳазору 208-сомониро ташкил медиҳад. 

Аз рӯи ин қазия парвандаи ҷинояӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Мавзуъ

Зани тоҷик натавонист 470 грамм тиллоро ба Дубай барад
Корманди Комиссариати ҳарбӣ ба иттиҳоми ришваситонӣ боздошт шуд
Ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба иттиҳоми узвият дар Ҳизбуттаҳрир боздошт шуданд
Кӯлоб: мудири мактаб ҳангоми ришваситонӣ боздошт шуд
Барчаспҳо:
тилло, муомилоти ғайриқонунӣ, боздошт, ВКД ҶТ, ноҳияи Ҳисор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ