16:55 21 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.46
  • RUB0.15
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
103 0 0

Вазорати умури дохила ҳувияти ронандаи садамаи "Водоносос"-ро эълом кард

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВУД ҶТ, ронандае, ки рӯзи 30 июл дар шаҳри Душанбе ду касро пахш кард, Шарифов Одилҷон Комилҷонович будааст.

Бар пояи иттилоъи ВУД, рӯзи 30 июл соати 11:10 ронандаи худрави "Мерседес-Бенс" бо шумораи давлатии 01-00 МА 01 Одилҷон Шарифов ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи Амиршоев ба кӯчаи Чашмасор (Водонасос) дар шаҳри Душанбе ба садама дучор шудааст.

Одилҷон Шарифов соли 1993 зода шуда ва сокини шаҳри Душанбе буда ва бозпурси шуъбаи бозҷӯии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аст.

"Дар паи садама ӯ ду пиёдагард — Қурбоналӣ Ҷобиров, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Варзоб ва Муҳаммадҷон Мизонов, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Душанберо, ки дар канори роҳ истода буданд, пахш кардааст".

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа пиёдагардон ҷароҳати сахти ҷисмонӣ бардошта, Қурбоналӣ Ҷобиров дар бемористон ҷон бохтааст.

Манбаъ меафзояд, ки барои бозрасии ин ҳодиса парванда барои қарори ниҳоӣ аз рӯи тобеъият ба Додситонии низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карда шудааст.

Мавзуъ

Садамаи мудҳиш дар Бишкек: ҳалокати духтари 19-сола ва захмӣ шудани 20 кас
Навори садамаи нақлиётие, ки ҷони ҳашт касро гирифт
Ҳалокати ҳашт кас дар паи садамаи нақлиётӣ
Пеш аз ҷашни истиқлол: садамаи танк дар Белорус
Барчаспҳо:
ҳувияти ронанда, ВКД-и Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ