09:26 23 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.13
  • EUR10.63
  • RUB0.14
Нақлиёт дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Рӯйхати ронандагони қонуншикан дар ВКД: аз 20 ҳазор ҷарима то маҳрумият аз ронандагӣ

© Sputnik
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
75 0 0

Дар саҳифаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҶТ рӯйхати ронандагони қонуншикан пас аз тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нахустин бор мунташир шудааст

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ин феҳрист ҷаримаманбии 14 ронанда бо далели қонуншиканӣ ҳангоми ронандагӣ оварда шудааст.

Ин ҷаримабандӣ бар асоси тағйиру иловаҳои нав ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ омода шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ин ронандаҳо тибқи моддаҳои 336, 337 аз 12 то 20 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.

Ба гузориши торномаи расмии ВУД ҶТ, Авазбек Абдумаҷидов, ронандаи "Опел-Астра" бар асоси моддаи 337 (бе ҳуҷҷати ронандагӣ ва дар ҳолати мастӣ) 20 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда, 10 сол аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум гардидааст.

Ҳамчунин 13 ронанда мувофиқи моддаи 336 (бе ҳуҷҷати ронандагӣ) 12500 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Бар асоси тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон барои дар ҳолати мастӣ ё бе шаҳодатномаи ронандагӣ рондани мошин то 20 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида мешавад.

Пештар ВКД феҳристи ронандаҳоеро, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанберо нақз карда ва маблағи ҷаримаро пардохт накардаанд, мунташир карда буд.

Мавзуъ

Сарҳанг Раҳимзода: ҷавонон бисёр қонуншиканӣ мекунанд
Як ронанда беш аз 10 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд
ВКД ҶТ: чаҳор нафар эътирозгарони назди сафорати Олмон ҷарима шуданд
Барчаспҳо:
маҳрумият, ҷарима, қонуншиканӣ, нашри рӯйхат, ВКД-и Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ