ВКД ҷузъиёти ҷинояти Ниятбековро тавзеҳ дод

© Sputnik / Амир ИсаевВид на город Хорог, ГБАО. Архивное фото.
Вид на город Хорог, ГБАО. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 6 октябри соли равон як сокини шаҳри Хоруғ ба хонаводаи ҳамсари бародараш рафта ҷанҷол бардошт, ки барои чанде аз аъзоёни ин хонавода бо марг анҷомид

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ин қазияро дар гузорише шарҳ дод.

Ба гузориши ВКД бо гумони даст доштан дар ин ҷиноят Некрӯз Ниятбекови 25- сола сокини шаҳри Хоруғ, корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва шарики ӯ Восеъ Агибзодаи 19-сола, сокини ноҳияи Дарвоз, донишҷӯйи соли сеюми факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ боздошт гаштаанд.

Памир, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Куштор дар ВМКБ: ҷавоне хешовандони бародарашро тирборон кард

Ба иттилои манбаъ, гумонбарон бо ғарази шахсӣ рӯзи 6 октябр бо таппончаи Макаров, норинҷаки дастӣ, корд ва ниқоб дар ҳолати мастӣ ба хонаводаи Назридодов Алидод, корманди филиали "Тоҷиксуғурта" дар ноҳияи Шуғнон ҳамла кардаанд: "Ҳамлагарон бо истифода аз таппонча Оламгул Девлоховаи 57-сола ва Ниятбеков Амирҷони 13-соларо паррондаанд, ки дар натиҷа аввалӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст".

Амирҷони 13-сола низ, ки аз сӯи раиси вилояти мухтори Кӯҳитони Бадахшон Шодихон Ҷамшед, ҷарроҳӣ шуд, баъди чанд рӯз дар беморхона ҷон дод.

Манбаъ афзуд, ҳамлагарон бо ин қаноат накарда бо корд бародару хоҳар Мубориз ва Муқаддас Назридодовҳоро захмӣ кардаанд.

Некрӯз Ниятбеков дар навори бозпурсӣ мегӯяд, бо рафиқаш маст буданд ва ҳадафашон тарсонидани янга ва хешовандонаш будааст, зеро онҳо мехоҳанд тариқи суд хонаи истиқоматии ӯро гиранд. Ниятбеков мегӯяд, ба хона даромада, тарафи бошандагон ду маротиба тир холӣ кард ва ҳангоми муноқиша бо Назридодов Алидод ва Назридодов Мубориз норинҷакро истифода кард.

ВКД сабаби асосии рух додани ҷиноятро хусусмати оилавӣ ва баҳси манзил арзёбӣ кардааст.

Нисбати боздоштшудагон аз ҷониби прокуратураи ВМКБ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад".

Лентаи хабарҳо
0