05:13 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Боздошти Умар Махмадиев

Додгоҳи Петербург Умар Маҳмадиевро аз озодӣ маҳрум кард

пресс-служба УФСБ России по городу Санкт-Петербургу и Ленинградской области
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
58 0 0

Ба гуфти сухангӯи ФСБ ин муҳоҷири тоҷик ният доштааст бо гурӯҳи ҷиноии Давлати Исломӣ (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) бипайвандад ва дар шаҳри Санкт-Петербург инфиҷор ба амал оварад

ДУШАНБЕ, 10 дек- Sputnik. Додгоҳи Маскави шаҳри Петербург шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми кӯшиши пайвастан ба гурӯҳи ҷиноии Давлати Исломӣ (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) боздошт ва зиндонӣ кард.

Дар ин бора сухангӯи додгоҳи шаҳрии Петербург Даря Лебедева хабар додааст.

Ба гуфти ӯ ин муҳоҷири тоҷик ният доштааст бо гурӯҳи ҷиноии Давлати Исломӣ (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) бипайвандад ва дар шаҳри Санкт-Петербург инфиҷор ба амал оварад.

"Додгоҳи Маскав шаҳрванди Тоҷикистон Умар Маҳмадиевро ба далели кӯшиши пайвастан ба гурӯҳи ҷиноии Давлати Исломӣ, ки фаъолияташ дар қаламрави Русия мамнӯъ аст, то моҳи феврали соли 2018 аз озодӣ маҳрум кард", — омадааст дар хабарнома.

Шаҳрванди Тоҷикистон Умар Маҳмадиев, соли таваллудаш 1989 дар шаҳри Всеволожски вилояти Ленинград ба сар мебурдааст. Гуфта мешавад, ки ӯ ҳангоми кӯшиши убури марзи Русия боздошт шудааст.

Ба гуфти манбаъ Маҳмадиев узви фаъоли Давлати Исломӣ буда, қасд доштааст нахуст ба Туркия ва аз он ҷо ба Афғонистон барои пайвастан ба ин гурӯҳ равон шавад. 

Манбаъ меафзояд, ки агар Умар ба Афғониятон намерафт, дар шаҳри Санкт-Петербург инфиҷор ба амал меовард.

Барчаспҳо:
аз озодӣ маҳрум, боздошт, Давлати Исломӣ, Умар Мамадиев, Санкт-Петербург

Мавзӯъҳои асосӣ