02:31 14 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Болғаи додгоҳӣ. Акс аз бойгонӣ

Боздошти ташхисгари тиббии додгоҳи Хатлон ба иттиҳоми ришваситонӣ

© Sputnik / Андрей Старостин
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
65 0 0

Раҳматулло Мудинов ташхисгари тиббӣ-додгоҳи Маркази экспертизаи тиббӣ-додгоҳии вилояти Хатлон боздошт шуд

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, номбурда аз ваколатҳои мансабиаш истифода карда, бо роҳи фиреб ва суиистифода аз боварӣ аз шаҳрванд "А" барои пешниҳод кардани хулосаи тиббӣ-додгоҳӣ вобаста ба фарзандаш дар хусуси бардошти ҷароҳати ҷисмонӣ 13 ҳазор сомонӣ талаб намудааст.

"Кормандони Ожонсӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, кӯчаи Ваҳдат, назди бинои Терминали мусофиркашонии шаҳри Қӯрғонтеппа ҳангоми аз шаҳрванд "А" гирифтани 13 ҳазор сомонӣ Раҳматулло Мудиновро дар ҷои ҳодиса дастгир карданд ва ин маблағ аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд",-омадааст дар хабарнома.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Раҳматулло Мудинов бо моддаи 247 қисми 4 банди "б" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Барчаспҳо:
ришваситонӣ, боздошт, Раҳматулло Мудинов, Хатлон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ