12:28 09 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.14
  • RUB0.14
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1025 0 0

Фоҷиа рӯзи 21-уми декабр рух додааст

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Ба гузориши ВКД, ҳангоми гузаронидани корҳои вижаи ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 42-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, устои таъмири хонаро, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир кардаанд. 

Гуфта мешавад, ки ин мард рӯзи 21-уми декабри соли 2017, тахминан соати 23:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсараш, зани 36-сола ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 17-маротиба ба узвҳои баданаш задааст.   

Сипас духтари ноболиғи 8-солааш, хонандаи синфи 2-юми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро 6-маротиба латту кӯб кардааст. 

Дар натиҷа, зан ва фарзанди ноболиғаш, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. 

Сипас, номбурда ба хонаи ҳамдеаҳаш, марди 36-сола рафта, бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, маротибае ба гарданаш задааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
духтари 8-сола, ҳамсар, куштор, ВКД-и Тоҷикистон, Бобоҷон Ғафуров, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ