Ҳалокати 37 кас дар садамаҳои нақлиётии Душанбе

© Фото : CC0 / Rico_LoebДорожный знак, архивное фото
Дорожный знак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар паи садамаҳои нақлиётӣ дар Душанбе 37 кас ҳалок ва 262 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштааст

ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Вазорати корҳои дохилӣ аз фаъолияти солонаи милитсия натиҷагирӣ кардааст. 

Дар ин робита дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ таҳти роҳбарии сардори Раёсат генерал-майори милитсия Шариф Назарзода баргузор гардидааст. 

Генерал Назарзода фаъолияти кормандони БДА-ро натиҷагирӣ кардааст.

"Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар давоми 12-моҳи соли 2017 дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе 264-ҳодисаҳои нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷаи рух додани садамаҳои мазкур 37-нафар ба ҳалокат ва 262 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд",-омадааст дар хабар.

Гуфтамешавад, ки  дар қиёс бо соли 2016 шумораи садаманокӣ ва бар асари он шумораи ҳалокшудагону захмишудагонгон дар роҳҳои нақлиётгарди пойтахт кам гардидааст.

Бино ба иттилоъи ВКД, бемасъулиятии волидон бошад соли 2017 афзудааст.

Дар давоми соли 2017, дар пайи иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", тибқи моддаи 90 Коддекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати 5139 волидайн, барои бемасъулиятию хунукназарӣ нисбати таълиму тарбияи фарзандонашон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба додгоҳ ирсол карда шудаанд.

Гуфта мешавад, ки ин нишондод нисбат ба соли 2016-759 маротиба бештар мебошад.

Лентаи хабарҳо
0