19:39 14 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Зиндон. Акс аз бойгонӣ

Зани 60-сола дар Суғд шавҳарашро кушт

© Sputnik / Шлей
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
23821

Як зан дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шавҳарашро бо зарби болға куштааст

ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии ВКД хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ки ин ҳодиса дирӯз, 7 январ ба вуқӯъ пайвастааст.

Зани 60-солае рӯзи 7-уми январ, тахминан соати 03:25, дар хонаи истиқоматиаш бинобар сабаби муноқишаи оилавӣ бо шавҳараш, марди 70-солаи сокини ноҳияи мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо болға якчанд маротиба ба сару рӯяш задааст. 

"Дар натиҷа марди ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст"-омадааст дар хабарнома.

Дар паи баргузории корҳои вижаи ҷустуҷӯӣ  кормандони милитсия ин занро  ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир кардаанд.

Манбаъ меафзояд, ки аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шудаасту тафтишот идома дорад.       

Барчаспҳо:
куштор, боздошт, ВКД-и Тоҷикистон, ноҳияи Ҷаббор Расулов

Мавзӯъҳои асосӣ