04:01 24 апрели 2018
Пахши мустақим
Бинои ВУД Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

ВУД ба мардум: дар муайян кардани шахсияти ҷасад кумак кунед

© Sputnik
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
282 0 0

Вазорати корҳои дохилӣ аз мардум даъват карда, ки дар муайянкардани шахсияти ҷасад бо ин ниҳод ҳамкорӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik.   Ба гузориши равобити умумии Вазорати корҳои дохилӣ, рӯзи 6-уми январи соли 2018, тахминан 02:20, аз шоҳроҳи "Ваҳдат-Душанбе" ҷасади марди шахсияташ номаълум, тахминан 55-60-сола, бе аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шудааст.

Нишонаҳояш: дар танаш куртаи сафед, жемпери сиёҳтоб, ҷомаи сиёҳ, шими варзишии сиёҳ, дар пояш пойафзоли рангаш сиёҳ, қадаш 1,70 см, мӯи сараш кӯтоҳи сафед, риш ва мӯйлаби сафед дошта, чашмонаш сиёҳ мебошанд.

"Бо назардошти ин, аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҷиҳати муайян намудани шахсияти ҷасади мазкур бо мақомоти корҳои дохилӣ ҳамкорӣ намуда, агар маълумоте дошта бошед, ба қисми навбатдории ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо рақамҳои (83136) 2-31-22, 93-922 02-20 занг занед", — омадааст дар хабарнома.

Акси ҷасади ин шахс дар равобити умумии ВУД Тоҷикистон мунташир шуааст.

Барчаспҳо:
шахсияти номаълум, ВУД Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ