08:36 19 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Боздошти муовини раис. Акс аз бойгонӣ

Муовини раис ба иттиҳоми порагирӣ дастгир шуд

© Sputnik / Владимир Федоренко
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
18720

Муовини раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Спитамен ба иттиҳоми ришваситонӣ боздошт шудааст

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар паи баргузории корҳои вижаи ҷустуҷӯӣ, кормандони милитсия марди 34-солаи сокини ноҳияи Спитаменро ҳамчун гумонбар дар гирифтани пора дастгир намуданд.

Вай моҳи сентябри соли 2016 дар вазифаи муовини раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Спитамен кор карда, бо сӯйистифода аз ваколатҳои мансабиаш аз марди 39-солаи сокини ноҳияи мазкур барои дароз намудани муҳлати истифодаи заминҳои истифодабарии муваққатӣ "Замини Нав" мусоидат намуда, ҳуҷҷатҳои онро ба расмият даровардааст.

Дар ин росто муовини раис аз охирин ҳамчун пора 16000-сомониро гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.

Ба иттилоъи манбаъ, аз рӯи қазияи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
гирифтани пора, дастгир шудан, ВУД Тоҷикистон, Спитамен, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ