Шарҳи ВКД дар бораи ҳалокати гузоришгари Sputnik

© Из личного архива ГалимаГалим Фасхутдинов
Галим Фасхутдинов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳалокати гузоришгари Sputnik Галим Фасҳутдиновро шарҳ додааст

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии ин ниҳод хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки 30-уми январ, тахминан соати 17:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Дамас", Халифаев Бахтиёр Назарович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Борбад аз самти кӯчаи Ҷомӣ ба самти кӯчаи Фирдавсии пойтахт, дар рӯ ба рӯи бинои истиқоматии №88/1 аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Фастхуддинов Галинҷон Миняровичро пахш кардааст.

Дар натиҷа Фастҳуддинов Галим ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Манбаъ меафзояд, ки ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Галим Фасҳутдинов 45-сола ва яке аз шаҳрвандони тотортабори Тоҷикистон буд, ки солҳо бо шабакаҳои родютелевизюнии "Мир" ва "Голос России" дар Тоҷикистон ҳамкорӣ мекард.

Вай чанд сол хабарнигори бахши русии родюи "Deutsche Welle" ва "Sputnik" дар Душанбе низ буд.

Лентаи хабарҳо
0