Дуздии компютер аз Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон

© PixabayПерсональный компьютер, архивное фото
Персональный компьютер, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар идораи Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон дуздӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки Ба ШВКД ноҳияи Ховалинг марди 73-солаи сокини ноҳияи мазкур, корманди идораи ҳавосанҷӣ, дар он хусус муроҷиат намудааст, ки 23-юми ноябри соли 2017, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди идораи мазкур шуда, аз он ҷо як роёнаи "Делл",-ро дуздидааст.

Арзиши ин дастгоҳ 4 941 сомониро ташкил медиҳад.

Ба гузориши манбаъ, дар паи ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса навҷавони 17-солае аз ноҳияи Ховалинг ба иттиҳоми дуздӣ дастгир шудааст.

Гуфта мешавад, ки ин қазия мавриди тафтиш қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0