06:16 18 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.15
Боздошт. Акс аз бойгонӣ

Боздошти ноиби ректор ба иттиҳоми порагирӣ

© Sputnik / Кирилл Каллиников
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
60203

Ноиби ректор дар шаҳри Панҷиканд ба иттиҳоми порагирӣ боздошт шудааст

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки зимни баргузории корҳои вижаи ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 57-солаи зодаи шаҳри Панҷиканд, ноиби ректори Донишгоҳи Омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷиканд оид ба илм ва иноватсияро ба иттиҳоми ришваситонӣ дастгир кардаанд.

Ба иттилоъи манбаъ, ин мард шаҳрванди Русия асту муваққатан дар Панҷиканд ба сар мебарад.

Ноиби ректор аз марди 33-солаи сокини шаҳри Панҷиканд, ки пас аз хатми мактаби миёна дар ягон муассисаи олӣ, аз ҷумла дар ҳудуди Русия таҳсил накардааст, барои аз Донишкадаи давлатии Омӯзгории шаҳри Омски ФР дастрас намудани маълумотномаи қалбакӣ, ки гӯё ӯ 3-соли охир дар он ҷо таҳсил кардааст ва сипас, дар асоси ин маълумотнома барои якбора ба бахши 4-уми Донишгоҳи Омӯзгории Панҷиканд дохил кардани ӯ, 3600-доллари амрикоирро ҳамчун пора талаб кардааст.

Номбурда, рӯзи 8-уми феврал дар утоқи кориаш дар вақти гирифтани пора ба маблағи 3600-доллар аз марди дар боло зикргардида аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
ришваситонӣ, боздошт, ВКД-и Тоҷикистон, Панҷиканд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ