15:08 21 августи 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.75
  • RUB0.14
Нишонаи роҳ. Акс аз бойгонӣ

Чӣ тавр мактабхон бо Лексуси падараш донишҷӯро пахш карду гурехт

© Фото : CC0 / Rico_Loeb
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
17301

Мактабхоне дар Душанбе донишҷӯйи бахши аввалро бо Лексуси падараш пахш карду аз ҷои ҳодиса ғайб зад

ДУШАНБЕ, 12 фев— Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, ин ҳодиса дирӯз тахминан соати 23:30-дақиқа бо вақти Душанбе рух додааст.

Гуфта мешавад, ки ронандаи автомашинаи тамғаи номаълум ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Синои шаҳри Душанбе аз тарафи кӯчаи Шамсӣ ба самти кӯчаи Раҳимӣ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Қурбонов Сомонӣ, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Ҷайҳун, донишҷӯи соли 1-уми Коллеҷи Кӯҳии Металлургиро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар натиҷаи ин садама пиёдагард, Қурбонов С.Х. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.

Ҳангоми доир кардани корҳои вижаи ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи автомашинаи тамғаи "Лексус ЯХ-330", ноболиғ, Сайдалиев Ҳадятуллоҳ Абдулҳамидович, соли таваллудаш 2001, сокини кӯчаи Фирдавсии пойтахт, хонандаи синфи 9-уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо гумони содир намудани ҷиноят боздошт шудааст.

Манбаъ меафзояд, ки худрав ба падараш, Сайдалиев Абдулҳамид Муҳиддинович, соли таваллудаш 1968 тааллуқ дорад.

Кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз кардаанду тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
фирор кардан, пахш, садама, ВКД-и Тоҷикистон, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ