03:17 21 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR11.09
  • RUB0.14
Боздошт. Акс аз бойгонӣ

Боздошти писари вазири пешини энергетика дар Душанбе

© Sputnik / Кирилл Каллиников
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
24301

Дар баробари писари вазири пешини энергетикаи Тоҷикистон ҳамчунин 12 каси дигар ба иттиҳоми майдаавбошӣ боздошт шуданд

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Раёсати корҳои дохилии Душанбе Диловар Гулови 22-сола, писари вазири пешини энергетика Гул Шералиро барои майдаавбошӣ боздошт кардааст.

Ба гузориши манбаъ, Диловар Гулов ҳамроҳ бо 13 нафар ҷавонону ҳамсолонаш дар тарабхонаи "Галакси" ба майдаавбошӣ даст задаанд.

"Тахминан соатҳои 4 ба 5-и субҳи 10 марти соли ҷорӣ дар дохили тарабхонаи "Галакси" байни ҷавонон муноқиша ба амал омада, онҳо якдигарро бо суханҳои қабеҳ дашному ҳақорат мекарданд ва ба талаботи кормандони милитсия итоат намекунанд, — омадааст дар хабарнома.

Сипас гурӯҳи кормандони милитсия ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, 13 нафар ҷавононро ба мақомоти милитсия овардаанд.

Гуфта мешавад, дар натиҷа нисбати ҳар кадоме аз онҳо парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳар кадоме бо қарори додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба муҳлатҳои аз 5 то 15 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шудаанд.

Миёни боздоштшудагон ҳамчунин домоди собиқ вазири энергетика Дилшод Нурализода низ ҳузур дорад.

Барчаспҳо:
майдаавбошӣ, боздошт, Раёсати ВКД Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ