16:18 18 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Боздошт. Акс аз бойгонӣ

Фоҷиа: марде дар Спитамен бародарашро буғӣ карда кушт

© Sputnik / Виталий Белоусов
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
14000

Марде дар ноҳияи Спитамен ба иттиҳоми куштор боздошт шудааст

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ин мард бародарашро бо роҳи буғӣ, куштааст.

Ба иттилоъи манбаъ, ҳодиса шаби 31 март рух додааст.

Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани корҳои вижаи ҷустуҷӯӣ марди 51-солаи сокини ноҳияи Спитамен ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир кардаанд.

Ин мард рӯзи 31-уми март, тахминан соати 21:30-дақиқа, ба хонаи бародараш, марди 47-солаи сокини ҷамоати деҳоти Тағояк омада, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ҷангу ҷанҷол карда, бо роҳи буғӣ кардан ӯро ба ҳалокат мерасонад.

Манбаъ афзуда, ки нисбати боздоштшуда, бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуд, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
куштор, Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, Спитамен, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ