14:11 18 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.88
  • RUB0.14
Калбаса. Акс аз бойгонӣ

Боздошти сокини Бохтар, ки аз гӯшти пур аз микроб ҳасиб омода мекард

© Sputnik Стас Этвеш
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
146 0 0

Бо ҷурми фиреби истеъмолкунандагон марди 39-солаи сокини шаҳри Бохтар боздошт шудааст

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Кормандони милитсия рӯзи 16 май аз як коргоҳи ҳасиббарорӣ дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) 517 кило гӯшти мурғ ва 300 кило ҳасиби буғӣ мусодира кардаанд

Гуфта мешавад, ки номбурда, аз моҳи марти соли 2018 дар кӯчаи Кайҳоннавардони шаҳри мазкур бидуни бақайдгирии давлатӣ дар мақомоти андоз, бе шаҳодатномаи бойторӣ ва хулосаи санитарию эпидемиологӣ бо истифодаи гушти қиммаи мурғи вайроншудаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ набуда, ба истеҳсоли 2 намуд ҳасиби буғии "Ҷашнӣ" ва "Наврӯзӣ" машғул гардидааст.

Ҳангоми азназаргузаронии сехи истеҳсоли ҳасиб 517-кг гушти қиммаи мурғ ва 150-адад маҳсулоти тайёри ҳасибҳои номбурда дар ҳаҷми 300-кг дарёфт гардида, барои гузаронидани ташхис гирифта шудааст.

Тибқи хулосаи Муассисаи давлати Озмоишгоҳи санитарию эпидемиологӣ муайян гардид, ки дар таркиби намунаи гушти қиммаи мурғ бактерияҳо ва микробҳо мавҷуд буда, ҳангоми истеъмоли чунин маҳсулот хатари ба бемории шадиди меъдаю рӯда гирифтор шудани истеъмолкунандагон ҷой дорад.

Нисбати номбурда аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 209 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
ҳасибҳои вайроншуда, боздошти мард, Бохтар, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ