21:03 18 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.73
  • RUB0.14
Масҷид, акс аз бойгонӣ

Ҳукми ҷавони тоҷик барои дуздиҳо аз сандуқи хайрияи масҷид

© Sputnik / Руслан Кривобок
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
220 0 0

Додгоҳи ноҳияи Орҷоникидзеи шаҳри Перм як муҳоҷири тоҷикро барои дуздиҳо аз масҷид ба 11 моҳи корҳои ислоҳӣ маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Тибқи иттилоияи сомонаи расмии додгоҳ, муҳоҷири 20 – солаи тоҷик аз сандуқҳои хайрияи масҷид нимаи аввали моҳи июни соли равон якчанд бор маблағ дуздидааст.

Манбаъ мегӯяд, маҳкумшуда муҳофизро пайгирӣ карда, макони калидро дақиқ намудааст ва дар вақти муносиб калидро аз ҳуҷрааш гирифта,  бо “отвёртка” сандуқи хайрияро кушодасту маблағ дуздидаст.

“Бори нахуст 25 ҳазор рубл гирифтааст ва баъди чанд рӯз баргашта боз аз сандуқи хайрия 11 ҳазор рубли дигар гирифтааст. Бори сеюм 12 июни соли равон вориди масҷид шудааст, аммо дар пайи пайдо шудани кормандони масҷид аз ҷои ҳодиса фирор намудааст”, - омадааст дар иттилоияи додгоҳ.

Бо қарори додгоҳ аввали октябр муҳоҷири тоҷик ба 11 моҳи корҳои ислоҳӣ маҳкум гардида, қарор шудааст, ки 10 дарсади моҳонааш ба фоидаи давлат рӯёнда шавад.

Барчаспҳо:
муҳоҷир, дуздӣ, парванда, Тоҷикистон-Русия