13:32 19 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Милиционеры в Душанбе, архивное фото

ВКД: марде, ки ҳамсар ва духтарандарашро бо табар задааст, милиса нест

© Sputnik / Амир Исаев
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
287 0 0

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар дар бораи милиса будани марде, ки зану духтарандарашро бо табар задааст, бепоя хонд

ДУШАНБЕ, 26 мар - Sputnik. Ба иттилои ин ниҳод, шаҳрванд Ҷӯраев Саидбек Мамазарифович, соли таваллудаш 1969, истиқоматкунандаи деҳаи Шерободи ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат, милиса набуда, соли 2014 аз мақомоти корҳои дохилӣ барои иснод овардан озод карда шудааст.

Вазорати умури дохила менависад, ки рӯзи 25-уми марти соли равон дар бархе аз сомонаҳо хабаре нашр шудааст, ки гӯиё корманди милитсия ҳамсараш Мавҷигул Азимова ва духтарандараш Манижаро бо табар чанд зарба задааст.

"Шаҳрванд Ҷӯраев Саидбек Мамазарифович, соли таваллудаш 1969, истиқоматкунандаи деҳаи Шерободи ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат, соли 2014 аз мақомоти корҳои дохилӣ барои иснод овардан озод карда шудааст",-омадааст дар хабарнома.

Номбурда, рӯзи 24 марти соли 2019, тахминан соати 17:30-дақиқа, бо Набиева Мавҷуда Нурмаҳмадовна, соли таваллудаш 1974, сокини деҳаи Мурутаки шаҳри Ҳисор, аз сабаби муноқишаи оилавӣ ҷангу ҷанҷол карда, ӯро ва духтараш Набиева Манижа Маҳмадраҳимовна, соли таваллудаш 1994, сокини деҳаи Мурутакро бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтан бо табари дар дасташ буда ба сарашон задааст.

Таҳқиқи латукӯби зан аз ҷониби милиса дар додситонии Душанбе

Дар натиҷа, Набиева ва духтараш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд. 

Манбаъ афзуда, ки нисбати шаҳрванд Ҷӯраев парвандаи ҷиноӣ бо моддаҳои 32 қисми 3 ва 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, ҷинояткор ҳабс карда шудааст.

Мавзуъ

Пойгоҳи 201-уми Русия ду шаҳраки низомиашро ба Тоҷикистон месупорад

Мавзӯъҳои асосӣ