Сайфулло Сафаров дар сархати ронандаҳои ҷаримагурез: рӯйхати ВУД

© © Sputnik / Амир ИсаевУлица Рудаки в Душанбе, архивное фото
Улица Рудаки в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон феҳрасти ронандаҳоеро, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанберо нақз кардаву маблағи ҷаримаро пардохт накардаанд, нашр кардааст.

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ин ниҳод, ин рӯйхат дар асоси сабти дурбинҳои Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт — "Шаҳри бехатар" пешниҳод шудааст.

Аз ҳама бештар як сокини шаҳри Душанбе Сафаров Сайфулло, бо худрави "Дэу Лассети" қоидаҳои ҳаракатро нақз кардааст. Бино ба иттилоъи ВКД, ин ронанда дар 38 ҳолат қоидаҳоро вайрон намуда ва ҳанӯз ҷаримаро пардохт накардааст.

Общественный транспорт в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори БДА ба ронандаҳои ҷаримагурез аз ширкати "Талко Персия" то Asian Express

"Опел-вектра"-и мутаалиқ ба сокини ноҳияи Рӯдакӣ, Забиров Ҷамшед 18  бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст. Дар ин рӯйхат дар мақоми сеюм аз рӯи нақзи қоидаи ҳаракат, ронандаи худрави "Мерседес Бенс"-и Муллоҷонов Парвиз сокини шаҳри Душанбе, номбар шудааст. Ӯ 16 бор қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст.

Аз ҷаримагурезии "Талко Персия" то "Шоҳроҳи Бадахшон": нашри рӯйхат дар ВКД

Дар миёни ронандагони ҷаримагурез як ронандаи зан ҳам номбар шудааст.

Нашри рӯйхати ронандагони ҷаримагурез дар ВКД

Дар умум Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати 25 ронандаи ҷаримагурезро нашр кардааст.

Лентаи хабарҳо
0