17:33 21 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Общественный транспорт в Душанбе, архивное фото

Сокини ноҳияи Ишкошим дар сархати ронандагони ҷаримагурез: рӯйхати ВКД

© Sputnik
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1020 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон феҳрасти ронандаҳоеро, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанберо нақз кардаву маблағи ҷаримаро пардохт накардаанд, нашр кардааст.

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ин ниҳод, ин рӯйхат дар асоси сабти дурбинҳои Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт — "Шаҳри бехатар" пешниҳод шудааст.

Аз ҳама бештар сокини ноҳияи Ишкошим, Ҷумаев Мунир бо худрави "ВАЗ" қоидаҳои ҳаракатро нақз кардааст. Бино ба иттилоъи ВКД, ин ронанда дар 83 ҳолат қоидаҳоро вайрон намуда ва ҳанӯз ҷаримаро пардохт накардааст.

Ҳушдори БДА ба ронандаҳои ҷаримагурез аз ширкати "Талко Персия" то Asian Express

"Форд"-и мутаалиқ ба сокини шаҳри Душанбе, Сардоров Қурбон 36  бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст. Дар ин рӯйхат дар мақоми сеюм аз рӯи нақзи қоидаи ҳаракат, ронандаи худрави "Тойота Королла"-и Раҳматов Исмоил сокини шаҳри Душанбе, номбар шудааст.

Ӯ 33 бор қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст.

Аз ҷаримагурезии "Талко Персия" то "Шоҳроҳи Бадахшон": нашри рӯйхат дар ВКД

Дар миёни ронандагони ҷаримагурез ягон ронандаи зан номбар нашудааст.

Нашри рӯйхати ронандагони ҷаримагурез дар ВКД

Дар умум Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 2 апрел, рӯйхати 25 ронандаи ҷаримагурезро нашр кардааст.

Мавзӯъҳои асосӣ