13:34 20 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Транспорт в Душанбе

Ҷаримагурезии зани "БМВ х-5"-савор дар Душанбе: рӯйхати ВУД нашр шуд

© Sputnik
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1294 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон феҳрасти ронандаҳоеро, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанберо нақз кардаву маблағи ҷаримаро пардохт накардаанд, нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 22 апр - Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ин ниҳод, ин рӯйхат дар асоси сабти дурбинҳои Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт — "Шаҳри бехатар" пешниҳод шудааст.

Аз ҳама бештар сокини ноҳияи Рӯдакӣ, Рустамов Бахтиёр бо худрави "Опел Астра" қоидаҳои ҳаракатро нақз кардааст. Бино ба иттилоъи ВКД, ин ронанда дар 19 ҳолат қоидаҳоро вайрон намуда ва ҳанӯз ҷаримаро пардохт накардааст.

"БМВ х-5"-и мутаалиқ ба сокини шаҳри Душанбе, Сатторова Ситора  17 бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст. Дар ин рӯйхат дар мақоми сеюм аз рӯи нақзи қоидаи ҳаракат, ронандаи худрави "Опел Астра"-и Умаров Ҳазратқул сокини шаҳри Душанбе, номбар шудааст.

БДА қонуншикании ҶДММ Шоҳроҳи Бадахшон ва Талко Персияро ошкор кард: рӯйхати ВУД

Ӯ 12 бор қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст.

Дар баробари Сатторова Ситора миёни ронандагони ҷаримагурез исми як зани дигар-Абибуллоева Аниса ҳам номбар шудааст. Ӯ 4 бор қоидаи ҳаракатро вайрон карда, ҷаримаашро пардохт накардааст.

Қонуншиканӣ ва ҷаримагурезии занони мошинсавор: рӯйхати ВУД

Дар умум Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 22 апрел, рӯйхати 25 ронандаи ҷаримагурезро нашр кардааст.

Мавзӯъҳои асосӣ