Қонуншикании Имомалӣ ва ҷаримагурезии Дилбар: ВУД рӯйхат нашр кард

© Sputnik / Амир ИсаевДорога в Душанбе. Архивное фото
Дорога в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон феҳрасти ронандаҳоеро, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанберо нақз кардаву маблағи ҷаримаро пардохт накардаанд, нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ин ниҳод, ин рӯйхат дар асоси сабти дурбинҳои Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт — "Шаҳри бехатар" пешниҳод шудааст.

Аз ҳама бештар сокини шаҳри Душанбе, Турсунов Умед бо худрави "Мерседес Бенс" қоидаҳои ҳаракатро нақз кардааст. Бино ба иттилоъи ВКД, ин ронанда дар 17 ҳолат қоидаҳоро вайрон намуда ва ҳанӯз ҷаримаро пардохт накардааст.

Вид на город Хорог, ГБАО. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Қонуншиканӣ кам мешавад? пас аз шикояти мардуми Хоруғ БДА чароғакҳоро нав кард

"Хундай Сантафе"-и мутаалиқ ба сокини шаҳри Душанбе, Назарова Дилбар 13 бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст. Дар ин рӯйхат аз рӯи нақзи қоидаи ҳаракат, ронандаи худрави "Зил-431410" Меликов Имомалӣ номбар шудааст.

Шояд миёни онҳо ту ҳам бошӣ: ВКД рӯйхати ронандагони қонуншиканро нашр кард

Ӯ 6 бор қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст.

"Мерседесҳо"-и ҷаримагурез дар кӯчаҳои Душанбе: рӯйхати ВУД нашр шуд

Дар умум Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 13 май, рӯйхати 24 ронандаи ҷаримагурезро нашр кардааст.

Лентаи хабарҳо
0